Баргузории мусобиқаи байналмилалии теннис дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТеннис, архивное фото
Теннис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис доир мегардад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мусобиқаи мазкур  байни ҷавонону наврасони 10-13 ва 14 -17-сола гузаронида мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Кубок президента Таджикистана по теннису - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷоми Президенти Тоҷикистон” доир ба теннис ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ ворид шуд

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзу ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи теннис дар Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон, муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарони наврас баргузор мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанбе ғолиб гардидаанд, иштирок мекунанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии теннис баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0