Дастури муовини сарвазир ба вазорату кумитаҳо: ситоди зидди коронавирус ташкил диҳед

© Пресс-служба Президента РТШирнин Исматуллозода, заместитель премьер-министра Таджикистана
Ширнин Исматуллозода, заместитель премьер-министра Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назди муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ доир гардидаст, ки мавзӯи асосии он омодагӣ ва пешгирӣ аз ин вирус будааст

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар, муовини сарвазири ба кулли вазорату кумитаҳо дастур додааст, ки  дар назди онҳо низ ситод оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус таъсис дода шуда, корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда шаванд.

Лаборант в централизованной клинико-диагностической лаборатории городской клинической больницы №67 в Москве. - Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷик барои пешгирии коронавирус маҳлул истеҳсол карданд

Ба гуфти Ширин Исматуллозода, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашуда, ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад.

Ширин Исматуллозода  гуфтааст, тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи президенти кишвар қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами низоми  назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад.

Запуск производства тканевых масок  - Sputnik Тоҷикистон
Тавсияҳои профессори тоҷик алайҳи коронавирус: ниқобҳои худсохт ба ҷои ниқобҳои тиббӣ

Номбурда гуфтааст, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус  низ бо ҳамин мақсад ба роҳ монда шудааст.

Насим Олимзода,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кишвар, дар ҷаласа иброз доштааст, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бино ба иттилои Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон айни  ҳол 279 нафар дар муассисаҳои табобатии мамлакат дар ҳолати карантин қарор доранд. Аз шумораи умумии воридшуда 177 нафарашон шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Эрон ва Афғонистон  мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0