Туркманистон аз Тоҷикистон хоҳиши кумак дар таъмини пиёз кард

Обуна шудан
Дар Туркманистон бо далели эпидемияи коронавирус норасоии маҳсулот ба назар мерасад. Мақомоти кишвар аз ҳамсояҷумҳуриҳо кумак хостаанд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Мақомоти Туркманистон ба Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки ба кишвар пиёз ворид кунад, зеро дар ҷумҳурӣ бо делели эпидемияи коронавирус танқисии пиёз ба назар мерасад, хабар медиҳад нашрияи "Воқеаномаи Туркманистон".

Бино бар хабари манбаъ, мақомотҳои маҳаллии вилояти Лебап бо сокинони вилоят вохӯрданд.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо далели номаълум: Туркманистон то ҳол ба фураҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад
Онҳо ба сокинон гуфтаанд, ки ин мушкилӣ чун дар дигар кишварҳо дар пайи эпидемияи коронавирус ба миён омадааст ва муваққатӣ мебошад.
Дар ин робита, Ҳукумати Туркманистон бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон дар бораи харидории пиёз гуфтушунид анҷом медиҳад, Русия картошка содир хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, пештар роҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердмуҳаммадов талаб кард, ки барои роҳ надодан ба коронавирус дар кишвар тамоми чораҳои қатъӣ андешида шавад.

Бояд қайд кард, ки то имрӯз дар Туркманистон ҳолатҳои сироятёбӣ ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.

Шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хатарзо бармегарданд ба карантин равон карда мешаванд.

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, Туркманистон то ҳол ба фураҳо иҷозат намедиҳад, ки марзашро убур карда, ба Тоҷикистон коло интиқол диҳад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки кишвар ҳатто тавзеҳ намедиҳад, ки чаро ба боркашонҳои хориҷие, ки ба Тоҷикистон коло мекашонанд, иҷозати гузаштан аз марзашро намедиҳад.

Лентаи хабарҳо
0