Ҷазои милисаи тақаллубӣ барои пулканӣ аз занон бо таҳдиди парванда барои танфурӯшӣ

© AFP 2023 / STRРаботница коммерческого секса с клиентом, архивное фото
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Ҳисор шаҳрванд Фирдавс Саидзодаро, ки худро милиса гуфта, бо таҳдиди оғози парванда барои танфурӯшӣ ва хабар додан ба хешовандон аз занон пул мегирифтааст, ба 10 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Саидзода шаҳодатномаи рангаш сурхро аз мағозаи конселярӣ харида, худро ба занҳо корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муаррифӣ мекардааст, хабар дод Додситонии кул.

Женские ноги - Sputnik Тоҷикистон
Гаронтар: парлумони Тоҷикистон ҷаримаи фоҳишаҳоро 260 доллар муқаррар кард

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла Фирдавс Саидзода 27 сентябри соли гузашта, тахминан соати 18:00 дар меҳмонхонаи “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор бо шаҳрванд Манзура.А вохӯрда, таҳдид намудааст, ки алайҳаш барои ба фоҳишагӣ парванда оғоз мекунаду дар назди хешу табор ва падару модараш бадном месозад.

 Манзура.А аз Саидзода тарсида, хоҳиш кардааст, ки бо ӯ чунин корро накунад ва муттаҳам ба ивази чора наандешидан 2 ҳазор сомониро талаб кардааст. Зан розӣ шуда, ба милисаи тақаллубӣ 800 сомонӣ додааст.

Додситонӣ афзуд, ки Саидзода такроран 7 октябри соли 2019 бо ҳамин тарзу усул худро милиса гуфта, бо пешниҳоди шаҳодатномаи тақаллубӣ аз шаҳрванд Бибимарям.И 1000 сомонӣ тамаъҷӯи намудааст.  Мақомоти додситонӣ илова намуд, ки 18 октябр Саидзода ҳангоми дастрас кардани 1 ҳазор сомонӣ аз Бибимарями И. Боздошт гардида, аз ӯ шаҳодатномаи рангаш сурх, ки дар он ягон ному насаб дарҷ нагардидааст ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Додгоҳи шаҳри Ҳисор, Саидзодаро бар асоси моддаи 250-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои тамаъҷӯӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст. Назари маҳкумшуда дар бораи иттиҳом ва ҳукми додгоҳ феълан маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0