Чеҳраи Айниро ба назди ниқоби Ленин ба Украина бурданд

© © Sputnik / Амир ИсаевМраморный бюст, который раньше был на надгробье в парке Садриддина Айни, архивное фото
Мраморный бюст, который раньше был на надгробье в парке Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қолаби рӯйи Айнии бузургро дар осорхонаи хориҷӣ ҷой доданд, ки он дар наздикии қолабҳои чеҳраи Михаил Булгаков, Владимир Ленин ва Дмитрий Менделеев гузошта шудааст

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Чеҳраи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар намуди қолаб (ниқоб) ба фонди Осорхонаи яке аз кучаҳои Киев ҷой дода шуд, хабар медиҳад "Ховар".

Ба гуфтаи роҳбари Фонди адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Эраҷ Айнӣ, ташаббуси фиристодани ниқоб аз ҷониби роҳбари Осорхонаи  Украина будааст.

"Барои мо хело муҳим аст, ки ниқоби баъди марги Садриддин Айнӣ акнун байни ниқобҳои дигар инсонҳои бузурги ҷаҳон аст", - мегӯяд Эраҷ Айнӣ.
Мраморный бюст, который раньше был на надгробье в парке Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Осори комили Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон мунташир мешавад

Бояд қайд кард, ки дар интиқоли ниқоби устод сафири фавқуллода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк кӯак кардааст.

Мавриди зикр аст, ки ин аввалин осорхона дар хориҷ аст, ки дар он ниқоби баъди маргии Садриддин Айнӣ ҷой дода мешавад. Он дар назди чеҳраҳои Михаил Булгаков, Владимир Ленин ва Дмитрий Менделеев қарор гирифтааст.

Саҳми Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ: дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир мешавад

Ин музейи ниқобҳо дар Украина яке аз калонтарин осорхонаҳоест, ки дар ҷаҳон ҷои севумро мегирад. Дар он чеҳраҳои шахсони маъруф аз кишварҳои Русия, Болгария, Украина, Чехия, Олмон, Словакия, Амрико ва Канада ҷой дода шудааст.

Қолаби рӯйи шахсони бузургро одатан баъди маргашон тавассути масолеҳи пластикӣ мегиранд ва нигоҳ медоранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала