Эрон коронавирусро силоҳи биологии Амрико арзёбӣ кард

© REUTERS \ MARZIO TONIOLOМаленькая девочка смотрит на иллюстрацию коронавируса на экране смартфона, Италия
Маленькая девочка смотрит на иллюстрацию коронавируса на экране смартфона, Италия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Эрон алъон 3,5 ҳазор дардманди маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Зимнан 105 нафар аз мубталоёни ин беморӣ ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Вируси короно метавонад яроқи биологии Амрико бошад, хабар медиҳад ISNA бо истинод ба фармондеҳи Сипоҳи посдорони исломии Эрон Ҳусейн Саломӣ.

"Мо алъон дар рӯбарӯи вирусе қарор дорем, ки Амрико чун яроқи биологӣ онро нахуст дар Чин ва сипас дар Эрону чанд кишвари дигар  паҳн кардааст", - изҳор доштааст Саломӣ.

Саломӣ мегӯяд, агар дар паҳншавии ин маризӣ дасти Амрико олуда аст, пас шаҳрвандони ин кишварро низ хатар думболагир мешавад.

В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ: коронавирус сартосари Эронро фаро гирифт

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ иттилоъ дод, ки маризии сироятии коронавирус қариб тамоми манотиқҳои ин кишварро фаро гирифтааст.

Эрон аз беҳбуд ёфтани ҳолати саломатии 552 нафар аз мубталоён ба коронавирус хабар дод

Бар тибқи охирин маълумот, маризии коронавирус то 5 - уми марти соли равон шаҳрвандони 76 кишвари ҷаҳонро сироят намудаст.Беш аз 95, 1  ҳазор нафар дар ҷаҳон дардманди ин беморӣ гаштанд. Зимнан, ҳудуди 3,2 ҳазор нафар бар асари мублатошавӣ қурбон шуданд.

Аз лиҳози шумори бештари мубталоёни ин маризӣ, Чину Эрон ва Италия ҳамоно пешсаф ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0