Мақомот ба сафирҳои хориҷӣ: аз мо наранҷед ҳамааш, ба хотири пешгирӣ аз коронавирус

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ахиран бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Украина, Русия, Беларус,  Туркманистон, Фаронса, Афғонистон, Эрон, Олмон, Арабистони Саудӣ, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Покистон, Қатар, Туркия, Британияи Кабир, Амрико, Корея, инчунин намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, САҲА, СММ, Фонди Оқохон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.

Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон маризии коронавирус сабт нашудаст

Бино бар иттилои манбаъ, зимни дидор вазири тандурустӣ иброз намудааст, ки масъалаи пешгирии сирояти коронавирус зери назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон,  раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.

Насим Олимзода афзуд, то имрӯз 1500 нафар шаҳрвандоне, ки аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Тоҷикистон ворид гаштанд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Дастури муовини сарвазир ба вазорату кумитаҳо: ситоди зидди коронавирус ташкил диҳед

“То 4 март танҳо 320 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор дошта, боқимонда ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд”,  - таъкид доштааст вазир.

Ҳамзамон вазири тоҷик қайд кард дар беморхонаҳои сироятии Тоҷикистон барои он нафароне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд, тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Марги 66 нафар аз “коронавирус”: тими Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Теҳрон омад

“Ҳоло дар ҷумҳурӣ танҳо шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар —Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд”,- гуфт Насим Олимзода.

Ҳамчунин вай афзуд, ки айни замон молу маҳсулот  ба Тоҷикистон аз Афғонистон ворид шуда, қабл аз воридшавӣ ба хоки Тоҷикистон нақлиёт дезинфксия карда мешаванд.

Инчунин вазир зикр кардааст, ки бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумат, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдор  ситоди корӣ таъсис дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0