Шаш зани дарозумр дар Фархор: аз 100 то 110 сол доранд

© акс аз сомонаи мақомоти иҷроияи ноҳияи АштФотима Мирзоқулова, сокини куҳансолтарини Тоҷикистон, ки дар синни 127-солагӣ даргузашт
Фотима Мирзоқулова, сокини куҳансолтарини Тоҷикистон, ки дар синни 127-солагӣ даргузашт - Sputnik Тоҷикистон
Дар арафаи Рӯзи модар дар Фархор мақомоти маҳаллӣ аз аҳволи шаш зани дарозумр, ки аз 100 то 110 сол доштаанд, хабар гирифтанд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Фархор шаш зани дарозумр ба сар мебаранд, ки аз 100 то 110 сол доранд.

Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, дар арафаи Рӯзи модар дар ноҳия мақомоти маҳаллӣ ба аёдати ин бонувони солхӯрда рафта, барояшон маҳсулоти хӯрока, аз қабили орд, равған ва биринҷ бурданд.

Шерали Хайруллоев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Хайруллоев "дарозумртарин вазир" - и Тоҷикистон 70 сола шуд

Занони дарозумр дар  ҷамоатҳои "Дарқад", "Деҳқонариқ", "Зафар", "Ватан" ва "Ғалаба"-и ноҳия истиқомат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Фархор 82 ҳазору 810 нафар занон фаъолият дошта, аз ин шумора 15 нафар хизматчии давлатӣ буда, 605 нафарашон ба корҳои роҳбарикунанда ва аксари дигарашон ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардидаанд.

Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар 108 нафар аст, ки синнашон аз 100 сол боло будааст.

Агентии  омор мегӯяд, нишонаи дарозумрӣ дар кишвар ҳоло 75 сол буда, дарозумрӣ миёни занони кишвар 76,9 ва мардҳо бошад 73 солро ташкил медиҳанд.

Куҳансолтарин марди сайёра далели дарозумрии худро йога ва издивоҷ накардан гуфт

Қаблан куҳансолтарин фард дар кишвар Фотима Мирзоқулова, зодаи ноҳия Ашт унвон мешуд, ки моҳи январи соли равон дар синни 127 солагӣ фавтид.

Ёдрас мешавем, Фотима Мирзуқолава, ки 127 сол умр дида, на танҳо кӯҳансолтарин фарди Тоҷикистон, балки ба иттилои бархе аз расонаҳо, дарозумртарин фарди дунё ба ҳисоб мерафт.

Да ҳоли ҳозир аҳолии кишвар беш аз 9 миллион буда, мизони тавлид дарк кишвар миёни дигар давлатҳои собиқ Шуравӣ болост.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала