Воҳимаи коронавирус нархи орду равғанро дар бозорҳои кишвар боло бурд

© Sputnik / Амир ИсаевПродажа масла и муки на базаре "Фаровон". Архивное фото.
Продажа масла и муки на базаре Фаровон. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хабарҳо дар бораи баста шудани масҷидҳо ва қатъи “маршировка”-ҳо ба муносибати Иди Наврӯз боиси сар задани таҳлукаву воҳима дар байни мардум ва дар бозорҳо шудааст

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Сокинони пойтахти Тоҷикистон, аз тарси ин ки дар бозору мағозаҳо карантин эълон мешавад, аз бошитоб ба бозорҳо рафта бо захира кардани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, пеш аз ҳама орду равған пардохтаанд.

Ба гуфтаи сокинони шаҳри Душанбе баъзе аз савдогарон бо истифода аз фурсат нархи маҳсулотро боло бурдаанд. Аз ҷумла арзиши як халта орд то ба 350 сомонӣ расидааст.  

Публикация от 🅃🄰🄹🄸🄺🄸🅂🅃🄰🄽 (@somoni_tj)

Воҳимаву овозаҳо миёни мардум пас аз он шурӯъ шуд, ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз вируси нав ба ном “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” аз андешида шудани баъзе аз чораҳои зарурӣ хабар дод.

Новобаста аз он ки мақомот баргашта таъкид дорад, ки вазъи коронавирус дар Тоҷикистон зери назорати қатъӣ аст, мардум ба ин бовар накарда бошитоб ба сӯи бозору мағозаҳо рафтанд.

Барои мислол Ҷовид Муқим устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки дар бозори "Муросо"-и 102-уми шаҳри Душанбе мардум бо издиҳом орд, равған ва шакар мехариданд.

Дар шарҳи ҳамин навишта як корбари дигари ин сомонаи иҷтимоӣ Бахтовар Аминзода навиштааст, ки ҳамин гуна ҳолат дар Ҳисор сар зад ва дар давоми 5 дақиқа нархи орду шакар аз 15 то 20 сомонӣ боло рафт ва иддае аз савдогарон дар фикри боло бурдани нарханд.

Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе мегуянд, ки дар рӯзҳои ахир миёни мардум воҳимаи сунъӣ сар задааст. Мардум аз ин гуна воҳимаҳо пушти хариди орду равған ба Мағозаҳои бузург ва бозорҳо рафтанд.

Туристы в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус: карантини 65 чинӣ дар Душанбе

Дар ҳамин ҳол, вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат намудааст, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо асос надоранд.

Лентаи хабарҳо
0