Зиндони зану марде, барои ҳамхобагӣ меҳмонӣ мерафтанд: мизбонро куштанд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе як зану мардро ба мӯҳлати 38 сол равонаи зиндон кард: онҳо ки муносибатҳои маҳрамона доштанд, дар манзили як шиносашон меҳмон шуда, мизбонро, ки низ таклифи муносибати шаҳвонӣ кардааст, куштаанд

ДУШАНБЕ, 5 март – Sputnik. Як зану мард дар Душанбе барои куштор ба 38 соли зиндон маҳкум шуданд. Бино бар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, онҳо барои ҳамхобагӣ ба хонаи як шиносашон меҳмон шуда, ба ӯ маблағ додаву бо ҳам майнӯшӣ кардааст ва сипас дар пайи рашк мизбонро куштаанд.

Кровать в номере, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хонаашро ба фоҳишахона табдил дод: боздошти марди 49-сола дар Душанбе

Манбаъ менависад, Зайнутдинов Мирзоҳотам Музахматович бо Хуҷамқулова Бибихоҷар Олимовна моҳи августа соли 2019 шинос гардида, муносибати маҳрамона пайдо карда, дар ҷойҳои муносиб алоқаи ҷинсӣ мекардаанд.

Бо ҳамин номбурдагон барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон доимо ҷои дилхоҳ ҷуста, Хуҷамқулова Б.О. манзили истиқоматии шиносаш Дронов Дмитрий Викторовичро (дар суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Севастопол, бинои 2, ҳуҷраи №18) пайдо намуда, Зайнутдинов М.М.-ро ба онҷо даъват намуда, бо ҳам алоқаи ҷинсӣ намудаанд.

16 сентябри соли 2019 тахминан соати 18 Зайнутдинов М.М. ҳамроҳи Хуҷамқулова Б.О. баъди харид намудани нушокии спирта ва маводи хӯрока бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан боз ба манзили истиқоматии Дронов Д.В. рафтаанд.

Дусаду панҷоҳ сомонӣ барои фароҳам овардани шароит ба муносибатҳои маҳрамона

Дронов Д.В. барои фароҳам овардани шароити мусоиди хонааш маблағи 200 сомонӣ аз онҳо гирифта, ҳамроҳ нушокии спирта истеъмол намудаанд. Дар ҳолати мастӣ Дронов Д.В. ба Хуҷамқулова Б. таклифи алоқаи ҷинсӣ карда, бо гирифтани ҷавоби рад охиронро дашномҳои қабеҳ намудааст.

Зайнутдинов М.М. ин ҳолатро дида, аз ҳиссиёти рашк бо мушт ба рӯи Дронов Д.В. зарбаи сахт мезанад, ки охирон ҷароҳат бардошта ба замин афтидааст.

Сипас, Зайнутдинов М.М. ва Хуҷамқулова Б.О. бо маслиҳат дасту пойҳои Дронов Д.В.-ро бо банд баста, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба воситаи болишт роҳи нафаси номбурдаро муддати 10 дақиқа маҳкам карда, ба қатл мерасонанд ва аз дохили манзили истиқотӣ молу ашёҳои гуногунро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмонҳои дузд: муҳоҷирони тоҷику узбак пули меҳмондорро дуздиданд

Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбати Зайнутдинов М.М. ва Хуҷамқулова Б.О. бо аломатҳои моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд фиристонидааст.

Ҳамин тавр, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе номбурдагон гунаҳгор дониста, Зайнутдинов М.М. ба муҳлати 20 сол ва Хуҷамқулова Б.О. ба муҳлати 18 сол аз озоди маҳрум карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0