Агар вирус ояд: пешгӯиҳои "беҳтарин, миёна ва бадтарин"-и Бонки осиёии рушд

© wikipedia.org. Eugene Alvin Villar Здание Азиатского банка развития. Архивное фото
Здание Азиатского банка развития. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳншавии коронавирус ба иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушди Осиё таъсири қобил таваҷҷуҳе хоҳад дошт. Бонки осиёии рушд омода аст то аз дигар кишварҳои узви рӯ ба рушди худ барои ҷилавгирӣ аз таъсироти манфии COVID-19 ҳимоят кунад

ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. "Густариши давомдори "вируси тоҷдор" (COVID-19) аз тариқи каналҳои сершумор бар рушди кишварҳои осиёӣ, ба шумули коҳиши шадиди тақозои дохилӣ, коҳиши гардишгарӣ ва сафарҳои тиҷорӣ, равобити тиҷорӣ ва саноатӣ, эҷоди вақфаҳо дар таҳвили амвол ва асарот ба саломатӣ  таъсири зиёд мегузорад", - омадааст дар таҳлили ҷадиди Бонки осиёии рушд (ADB).

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори ВУХ ба шаҳрвандони Тоҷикистон: аз сафар ба 5 кишвар худдорӣ кунед

"Андозаи хисороти иқтисодӣ ба наҳваи густариши он бастагӣ дорад, ки бисёр номушаххас аст. Доманаи сенарияҳои мавриди мутолиа дар таҳлил нишон медиҳад, ки таъсири ҷаҳонӣ дар доманаи 77 то 347 миллиард доллари америкоӣ, ё аз 0.1% то 0.4% аз тавлид нохолиси дохилии ҷаҳонӣ (GDP) аст", - омадааст дар иттилоияе, ки намояндагии БОР дар Душанбе пахш кардааст.

Бино ба он, дар як сенарияи миёна, он ҳам дар ҳоле, ки иқдомоти ҳифозатӣ ва маҳдудиятҳое, монанди мамнуъияти сафар, 3 моҳ пас аз ташдиди шуйӯъ ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар охирҳои моҳи январ шурӯъ ба суст шудан кард, зарари ҷаҳонӣ метавонад ба 156 миллиард доллар ё 0.2% аз тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳонӣ бирасад.

"Ҷумҳурии Халқии Чин 103 миллиард доллар аз ин хисорот ё 0.8% тавлиди нохолиси дохилии ин кишварро ба худ ихтисос хоҳад дод. Бақия кишварҳои дар ҳоли рушди Осиё 22 миллиард доллари амрикоӣ ё 0.2% тавлиди нохолиси дохилии худро аз даст медиҳанд", - мегӯяд БОР.

Ясуюки Савада, иқтисоддони аршади Бонки осиёии рушд гуфтаст: "Дар мавриди COVID-19 нофаҳмиҳои бисёре вуҷуд дорад. Вай гуфт: "Ин амр ба истифода аз чандин сенария ниёз дорад, то тасвире шаффофтар аз хисороти эҳтимолӣ ироа шавад. Мо умедворем, ки ин таҳлил битавонад ба давлатҳо кӯмак кунад, зеро онҳо иқдомоти возеҳ ва таъйинкунанда барои коҳиши таъсир ин шуйӯъ бар ҷамъияту иқтисод таҳия мекунанд".

Таъсири тахминии ҷаҳонӣ ва минтақаии COVID-19 таҳти сенарияҳои мухталиф:

  Сенарияи беҳтарин Сенарияи миёна Сенарияи бадтарин
  % аз ММД Зиён ба млрд$ % аз ММД Зиён ба млрд$ % аз ММД Зиён ба млрд$
Ҳамаи кишварҳо -0.1 $77 -0.2 $156 -0.4 $347
Чин -0.3 $44  -0.8 $103 -1.7 $234
Кишварҳои рӯ ба рушди Осиё -0.2 $16 -0.2 $22 0.5 $42
Бақия кишварҳо 0.0 $17 0.0 $31 0.0 $68

Дар иттилоияи БОР омадааст, таҳлили "таъсири иқтисодии шуйӯъи COVID-19 бар тавсеа Осиё" ҷузъиёти комили сенарияҳоро дарбар гирифтааст. Ҳамчунин, таъсири тахминӣ ба кишварҳои алоҳидаи осиёии рӯ ба рушд  ва бахшҳое дар ин кишварҳо - аз ҷумла дар заминаи сенарияи фарзии "бадтарин" барои як иқтисоди хос дар сурати бурузи паҳншавии қобили таваҷҷуҳ ироа медиҳад.

Школьница в медицинской маске на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бо таассуф: изҳороти расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди коронавирус

"Онҳоро набояд ба унвони пешбиниҳое барои вуқӯъи шуйӯъи беморӣ тафсир кард, балки қасд доранд дар ҳангоми баррасии посухҳои муносиб ба унвони роҳнамое барои давлатҳо истифода кунанд", - омадааст дар иттилоия.

Тибқи иттилои расмӣ, Бонки осиёии рушд 7 феврали соли равон барои ҷилавгирӣ аз "вируси тоҷдор" (COVID-19) 2 миллион доллар барои беҳбуди ташхис, пешгирӣ ва посух дар Чин ва Субминтақаи бузургтари Меконг тахсис дод. 2 миллион доллари дигар низ 26 феврал барои ҳамаи кишварҳои узв дар ҳоли рушд эълом шуд. Ҳамчунин 25 феврал 130 миллион юан ё 18.6 миллион доллар ба ширкати дорусози Jointown Pharmaceutical Group Co. Ltd. Дар Вуҳони Чин қарз дод.

"Бонки осиёии рушд омода аст то аз дигар кишварҳои узви рӯ ба рушди худ барои ҷилавгирӣ аз таъсироти манфии COVID-19 ҳимоят кунад", - омадааст дар иттилоияе, ки БОР нашр кардааст.

Бонки осиёии рушд ниҳоди байнулмилалии молиявист, ки мутааҳҳид ба талош барои решакан кардани фақри шадид, ба минтақаи шукуфон, якпорча, инъитофпазир ва пойдор дар Осиё ва Уқёнусия аст.

БОР соли 1966 таъсис шуд. Саҳомдорони ин бонк 68 кишвар ҳастанд, ки аз ин теъдод 49 кишвар дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0