Орд ҳаст: Вазорат гуфт аҳолӣ ба камбуди орд рӯ ба рӯ нахоҳад шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон қайд намудааст, ки ҳукумат имконияти пурра таъмини намудани бозорҳои кишвар бо ордро дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино бар иттилои вазорат дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 47 корхонаи ордбарорӣ мавҷуд аст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноат.

Продажа масла и муки на базаре Фаровон. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Воҳимаи коронавирус нархи орду равғанро дар бозорҳои кишвар боло бурд

Ин корхонаҳо имконияти доранд дар як сол 1,9 миллион тонна орди гандумиро истеҳсол намоянд ва ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи кишвар, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад 1,9 маротиба зиёдтар аст.

Вазорат таъкид доштааст, ки дар корхонаҳои ордбарорӣ дар як шабонарӯз 1835 тонна орд истеҳсол мегардад.  Корхонаҳои коркард бо гандум ва бозори дохилӣ бо орд асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин гардида, қисми дигари он аз Қазоқистон ва Русия мунтазам дар ҳаҷми зарурӣ ворид гардида истодааст.

“Тоҷат бишканад!” Охирин намози ҷамоат дар масҷидҳои Душанбе

Дар ду моҳи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои истеҳсоли орди ватанӣ 110,0 ҳазор тонна орди гандумӣ истеҳсол гардида, дар баробари ин 14,6 ҳазор тонна аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст, ки дар маҷмўъ бо дарназардошти бақияи соли 2019 (47,1 ҳазор тонна) 171,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба талабот (133,5 ҳазор тонна) 126,7 дарсад зиёд мебошад.

Мешки с мукой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Воҳимаандозони камчинии маводи ғизоӣ дар Хатлон боздошт ва муҷозот мешаванд

Дар моҳҳои январ – феврали соли 2020 ба ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 346,7 тонна орд зиёдтар ворид гардида, дар баробари ин аз хориҷи мамлакат барои истеҳсоли орд 95047,8 тонна гандум ворид шудааст, ки ба истеҳсоли 71285,9 тонна орд мусоидат намуда, талаботи аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат пурра ва сари вақт таъмин менамояд.

Дар натиҷаи рушди соҳаи саноат сол то сол таъминоти талаботи бозори дохилии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ таъмин гардида, соли 2019 талаботи лозима дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна бо орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0