"Ат-тоҷикӣ": яке аз ҳамлагарони Кобул шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешавад

© AP / Rahmat GulВоенные в Кабуле
Военные в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ ё ба ном “Давлати исломӣ” дар баёнияе гуфтааст, ки ҳамлаи 6 март дар Кобулро аъзояш аз Тоҷикистону Эрон анҷом додаанд

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. ДОИШ дар ин баёния тасвирҳои ин ду нафарро низ нашр кардааст, ки омилони ҳамла ба Кобул будаанд.

Расонаҳои ҷаҳонӣ ва Афғонистон бо истинод ба манобеъи иттилоотии марбут ба ДОИШ навиштаанд, ки бино ба ин баёния, ин ду фарди интиҳорӣ «"ат-Тоҷикӣ" ва "Абдураҳмон ал-Муҳоҷир" ном дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон будаанд.

Ҳаволии соати 11.20 маҳфили ёдбуди Абӯалии Мазорӣ, асосгузори Ҳизби ваҳдати миллӣ, танзими сиёсии ҳазораҳои шиамазҳаби Афғонистон, ки дар маҳалле мавсум ба "Мусаллои Мазорӣ", воқеъ дар минтақаи Дашти Барчии ғарби Кобул ҷараён дошт, мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт.

Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Сӯиқасд ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул

Дар ин маҳфил доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Карим Халилӣ, раиси Шӯрои сулҳ, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқ, Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон ва Ботур Дӯстум, писари генерал Абдурашид Дӯстум низ ҳузур доштанд.

Замони ҳамла Ҳомид Карзай ва Салоҳуддин Раббонӣ маҳфилро тарк карда буданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, дар пайи ин ҳамла 32 нафар кушта ва ҳудуди 60 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар баёнияи ДОИШ, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, иддао шудааст, ки дар ин ҳамла террористӣ 150 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳаракати "Толибон" сареҳан эълом дошт, ки дар ин ҳамла даст надорад. Ҳамон рӯз ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Ин аввалин ҳамлаи хунине аст, ки пас аз имзои Созишномаи сулҳ миёни Амрикову Толибон 29 феврал дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар имзо шуд, дар Афғонистон иттифоқ афтод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала