Ифтитоҳи мағозаи фурӯши либосҳои бренди итолиёвӣ дар Хуҷанд

© Шаҳрдории ХуҷандМағозаи нав дар Хуҷанд
Мағозаи нав дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мағозаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Мақсудҷон Набиев таъсис дода шуда, дар он асосан либосҳои мардонаи истеҳсоли бренди итолиёвии "RAYMONDO", ба фурӯш гузошта шудааст

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо ширкати раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва соҳибкорони шинохтаи шаҳр мағозаи фурӯши либосҳои мардонаи бренди итолиёвии "RAYMONDO" ифтитоҳ гардид.

Бино ба гузориши шаҳрдории Хуҷанд, мағозаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Мақсудҷон Набиев таъсис дода шуда, дар он асосан либосҳои мардонаи истеҳсоли бренди итолиёвии "RAYMONDO", аз ҷумла шим, курта, костюм, кафш, либосҳои тагпӯш, ҷуроб, атриёт ва ғайра ба фурӯш гузошта шудааст.

Мағоза аз таҳхона ва як ошёна иборат буда, ғайр аз молҳои истеҳсоли Итолиё ҳамзамон молҳои ширкатҳои маъруфи туркӣ низ дар ин маркази тиҷоратӣ фурӯхта мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суҳбат бо муассиси мағоза ва дигар соҳибкорон гуфтааст, ки иқдомҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода аст, ки бо тамоми соҳибкорон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкоиҳои мутақобилаи судманд лоиҳаҳои гуногунсамтро анҷом бахшад.

Лентаи хабарҳо
0