Писхандзании Ҳабиб ва Макгрегор ба ҳам: Конор сар кард-аксу видео

© AP / Seth WenigХабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Писхандзаниро Конор Макгрегор, размикори ирландӣ оғоз кард, ки дар Twitter саҳнае аз навори ҳамла ба автобуси ҳомили иштирокдорони мусобиқаи UFC дар соли 2018-ро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар сурати нашркардаи Макгрегор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ инъикос шудааст. Размикори ирландӣ суратро зери навиштаи "Разми кӯчагӣ" паҳн намудааст.

Зоҳиран Макгрегор бо ин амалаш хост, Ҳабибро ба хандахариш кашад, ки зимни нишасти матбуотии охираш дар арафаи сабқат бо Тонӣ Фергюсон, гуфт, борҳо дар ҷанҷолҳои кӯчагӣ иштирок доштааст.

Дар посух ба Макгрегор, Ҳабиб аксеро нашр кардааст, ки дар он бо усули дардрасон размикори ирландиро дар кунҷи майдон танг намудааст. Размикори доғистонӣ ин аксро дар Twitter зери унвони "Heeeelp" - "Ёрӣ кунеееед" ҷой додаст.

Heeeelp pic.twitter.com/f9gv9QeF4Y

Инчунин Ҳабиб навори ҳамлаи Макгрегор ба яке аз мизоҷони солхӯрдаи майхонаеро нашр карда, дар хитоб ба Макгрегор изҳор доштааст, ки ин наворро ба фарзандат нишон деҳу нақл кун, ки чӣ пурмаҳоратӣ дар ҷангҳои кӯчагӣ.

show it to your son and say how good you are on the street fight pic.twitter.com/o6EXXW0yKt

Дар идома размикорон ба масахараи ҳамдигар чанд паёми дигарро нашр намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов моҳи октябри соли 2018 Макгрегорро шикаст дода, унвони қаҳрамони UFC дар вазни сабукро ҳифз кард. Он замон Макгрегор натавонист то охир зӯрозмоӣ кунаду зимни корбурди як усули дардрасон аз ҷониби Нурмуҳаммадов размикори ирландӣ таслим шуд.

Лентаи хабарҳо
0