Донишгоҳи славянӣ соҳиби Ҷоми Душанбе шуд

Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” бо пирӯзии дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр кард, ки мусобиқа 19 феврал ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи модар, рушду равнақи волейбол байни бонувон ва тарғиби тарзи ҳаёт солим миёни идораву муассисаҳои шаҳри Душанбе оғоз гардида буд.

Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ба иттилои манбаъ, дар бозии ниҳоӣ волейболбозбонувони Донишгоҳи славянӣ бар тими Муассисаи давлатии "Раëсати кор бо мактабҳо" пирӯз шуд. Ҷойи 3-юмро Сарраëсати маорифи шаҳри Душанбе ишғол намуд.

Дар мароисми ҷоизасупорӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар табрик гуфт ва ба ғолибон ҷому медалҳои мусобиқаро супорид.

Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор карда буд, ки мусобиқаи волейбол дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ”- и Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ” баргузор шавад.

"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида бо дарназардошти андоз маблағи 55 000 сомонӣ ҷудо намояд", - гуфта шуд дар қарори раиси шаҳр.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала