Кӯмак мекунем: Русия ба Эрон 50 ҳазор тести ташхиси вируси корона дод

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкории Эрон ва Русия дар бахши беҳдошт, дармон, тавлиди муштараки дору, таҷҳизоти пизишкӣ аз солҳо пеш оғоз шуда, дар шароити кунунӣ раванди рӯ ба рушд ёфтааст

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сафири Эрон дар Маскав аз эҳдои 500 бастаи ташхисӣ, шомили 50 ҳазор тести ташхиси вируси корона аз сӯйи Русия ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Женщина в медицинской маске в центре Милана - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии сардухтур: коронавирус ҳафтаи равон ба Қазоқистон мерасад

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав бо қадрдонӣ аз ҳамкории Русия бо Эрон дар муқобила бо вируси корона бар азми ду кишвар барои афзоиши сатҳи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф, бахусус беҳдошту дармон таъкид кард. Ҷалолӣ бо баёни ин ки решакан кардани вируси корона ниёзманди ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тадобири лозим дар маҳор ва контроли вируси карона саъй дар ҷилавгирӣ аз густариши ин падида дошта ва дар ҳамин робита иқдомоти густардаеро иҷро кардааст.

На танҳо таб ва сулфа: нишонаҳои нави коронавирус маълум шуданд

Ҳамкории Эрон ва Русия дар бахши беҳдошт, дармон, тавлиди муштараки дору, таҷҳизоти пизишкӣ ва барномаҳои муқобилаӣ бо бемориҳои вогир, аз солҳо пеш оғоз шуда, дар шароити кунунӣ раванди рӯ ба рушд ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0