Ӯзбекистон тасмим гирифт аввал узви нозири Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шавад

© Sputnik / Юрий КорсунцевX Азиатская конференция Валдайского клуба в Самарканде. Флаги России и Узбекистана
X Азиатская конференция Валдайского клуба в Самарканде. Флаги России и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон эълом кард, ки пеш аз тасмимгирӣ дар бораи узвияти комил дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, узви нозири ин иттиҳодия хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.  Ӯзбекистон эълом кард, тасмим гирифта дархости узвияти нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро бидиҳад ва лоиҳае ба ҳамин манзур тақдими маҷлиси намояндагон хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар соли 2015 тавассути Русия ва муттаҳидони он шомили Беларус ва Қазоқистон таъсис шуд ҳаминак кишварҳои Арманистон ва Қирғизистонро низ дар узвиятм худ дорад. Молдова аз дигар аъзои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ узви нозири ин созмон аст.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар садади тазмини ҷараёни озоди коло ва сармоя дар даруни марзҳои кишварҳои узв аст, ҳарчанд бархе аъзо аз ворид шудан истиснооти зиёд дар роҳи тиҷорати озод интиқод кардаанд.

Ӯзбекистон бо 34 миллион нафар ҷамъият метавонад ба таври билоқувва ба дувумин бозори масрафии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пас аз Русия табдил шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала