Боздошти мансабдори давлатӣ: замини наздиҳавлигиро 40 ҳазор нарх гузошт

Ожонси мубориза бо фасод аз боздошти як мансабдори давлатӣ хабар медиҳад, ки замини наздиҳавлигиро ба қиммати 40 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба иттилои Ожонси мубориза бо фасод, Саидов Додаржон, ки вазифаи танзимгари Идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ифо мекард, ба як сокини ноҳия замини наздиҳавлигӣ фурӯхтаст.

Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Талаби 17 ҳазору 500 сомонӣ пора аз ҷониби се мутахассис дар Душанбе ҳангоми фурӯши замин

Манбаъ меафзояд, номбурда дар якҷоягӣ бо шаҳрванд Соҳибов Ашурбой, моҳи январи соли равон ба боварии шаҳрванд "А" даромада, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб намуданд.

Суғд: ошкоршавии беш аз 130 ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии замин

Мансабдори давлатиро кормандони ожонс ҳини гирифтани 40 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд "А" дар ҷойи ҳодиса дастгир намуданд.

"Маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст", - омадааст дар хабар.

Ожонсии мубориза бо фасод мегӯяд, нисбати Саидов ва Соҳибов бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала