Навбатҳои тӯлонӣ дар Хуҷанд: оғози имтиҳонҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия - акс

© Российский центр науки и культуры в ХоджентеВ Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы
В Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы - Sputnik Тоҷикистон
Дар маъракаи қабули довлабони таҳсили буҷҷавӣ барои соли 2020-2021 дар донишгоҳҳои олии Русия дар Хуҷанд, ҳудуди 1400 хатмкунандаи мактабҳои Суғд иштирок кардаанд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Маъракаи имтиҳонсупории довталабон бо ибтикори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия ё "Россотрудничество" дар бинои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир шудааст.

Ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар се марҳила сурат гирифта, довталабон баъди комёб шудан аз санҷиши хаттиву тестии забони русӣ ва аз рӯи ихтисоси худ, шонси даъват шудан ба мулоқоти ру ба рӯ бо масъулини донишгоҳҳоро пайдо намуда ва бо ин, роҳхати таҳсили буҷҷавӣ дар Русияро дарёфт мекунанд.

© Российский центр науки и культуры в ХоджентеОчередь - в Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы
Очередь - в Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Очередь - в Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы
© Российский центр науки и культуры в Ходженте В Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы
В Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы - Sputnik Тоҷикистон
2/2
В Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы
1/2
Очередь - в Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы
2/2
В Согде состоялся первый тур отборочных испытаний для поступающих в российские вузы

Михаил Вождаев, роҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон мегӯяд, имсол барои донишҷӯёни кишвари Тоҷикистон 630 ҷой ё бурсия барои таҳсили ройгон ба донишгоҳҳои Федератсияи Русия пешниҳод шудааст, ки дар миёни кишварҳои муштаракулманофеъ аз ҳама бештар будааст.

 “Ин рақам аз лиҳози шумораи аҳолӣ дар кишвари Тоҷикистон аз ҳама бештар мебошад. Тибқи баррасиҳои мо ҳоло Тоҷикистон баъд аз Чину Ветнам сеюмин кишваре мебошад, ки квотаи аз ҳама бештарро ба даст овардааст. Тоҷикистон ва Федератсияи Русия шарикони стратегӣ ҳастанд ва дар доираи гуфтушуниди роҳбарони ду кишвар ин масъалаҳо матраҳ шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола аз 5 то 7 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба Русия мераванд ва бештар аз 70 % и онҳо аз буҷҷаи ин кишвар таъмини молӣ мешаванд”, - иброз намуд Вождаев.

 Роҳбари “Россотрудничество” афзуд, пештар аз Хуҷанд маъракаи қабули довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобу Бохтари Тоҷикистон доир шуда ва бештар аз ду ҳазор хатмкунандагони мактабҳо ҳуҷҷат супоридаанд.

Таджикские студенты в Томске, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қариб 24 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд

Ӯ гуфт, онҳое, ки донишу саводи амиқ доранд, шонси дарёфти квотаи таҳсили ройгон ба донишгоҳҳои Русияро дарёфт карда метавонанд. Дар ҷараёни имтиҳонсупории довталабон дар Хуҷанд намояндагони ҳашт мактаби олии Русия ширкат кардаанд.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд, ҳамасола бештар аз 1500 нафар аз шумори хатмкунандаи мактабҳо, барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия мераванд. Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар макотиби олии Русия 24 ҳазору 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз ин шумор кам ё бештар аз 7600 донишҷӯ аз вилояти Суғд гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала