Қурбон Ҳакимзода ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд

© котиботи дастгоҳи раиси вилояти ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, имрӯз таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода нахустин ҷаласаашонро баргузор карданд

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Қурбоналӣ Қурбонзода, раиси Комиссияи вилоятии интихобот гузориш дод, ки 1 марти соли 2020 дар 1 ҳазору 68 участкаи овоздиҳӣ бо иштироки қариб 1,5 миллион раъйдиҳанда интихоботи вакилони вилоятӣ баргузор шуд.

Хасан Асадуллозода, глава Ориёнбанка - Sputnik Тоҷикистон
Ҳасан Асадуллозода вакил интихоб шуд-акс

“Ин маъракаи муҳими сиёсӣ, чуноне ки мушоҳидони байналмилалӣ эътироф намуданд, озоду шаффоф ҷараён гирифт ва ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят мутахассисони баландпоя, шахсони соҳибобрӯ, донишманду соҳибмаърифат ва арзанда интихоб гаштанд”, - хабар дод котиботи дастгоҳи раиси Хатлон аз қавли раиси Комиссияи вилоятии интихобот.

Ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласа ваколати ҳамаи 69 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум тасдиқ гардида, вакилон дар назди халқу давлат савганд ёд намуданд.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби вакилони маҷлиси вилоятӣ номзадии Қурбон Ҳакимзода – вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №8 ба узвияти Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Интихоботи ахири вакилон ба маҷлисҳо 1 март сурат гирифта, ба иттилои КМИР аз 4,9 миллион интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз дар раъйдиҳӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа 6 ҳизби Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфт. Аксари курсиҳоро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба парлумон ворид нагардид.

Лентаи хабарҳо
0