Дар се ноҳияи шаҳри Душанбе барқ муваққатан хомӯш карда мешавад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЭлектросчетчик, архивное фото
Электросчетчик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Улица в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нӯҳ кӯчаву панҷ маҳаллаи Душанбе бебарқ монд

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаҳои С.Айнӣ, 7-ум километр ва маҳалаи Мирзобек.

Инчунин дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Маҳаллаҳои  Якуми май, Яккатут ва дар ноҳияи Сино дар кӯчаҳои  Испечак, Боғи ботаникӣ, Маҳаллаҳои Зафар-1, Чорякорон, қувваи барқ хомуш карда мешавад.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0