Қарори Рустами Эмомалӣ: номзади нав ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешавад

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор нахустин ҷаласаи вакилони халқии тозаинтихоби пойтахтро даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Шаҳрдорӣ мегӯяд, бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 13 март баргузор мегардад.

Бар асоси барномаи ҷаласа, дар назар аст, вакилон дар баробари таъсиси комиссияҳо ва номгузории бархе кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт, номзадро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Кӣ ба курсии роҳбари №2-и Тоҷикистон мешинад?

Рустами Эмомалӣ, ки ахиран аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт шуд, аз номзадҳои асосӣ ба узвияти Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад.  

Шукурджон Зухуров - Sputnik Тоҷикистон
Вазнин: суҳбати ошкорои Зуҳуров дар бораи анҷоми раисӣ ва рафтан аз парлумон

Дар интихоботи даъвати гузашта вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев шуда буд, ки аз ҷониби вакилони Душанбе ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид ва раиси палатаи болоии парлумон – расман нафари дуюми давлат интихоб шуда буд.

Дар соли 2017, ки Рустами Эмомалӣ ҷойгузини Убайдуллоев дар мақоми раиси Душанбе шуд, ба далели синну сол наметавонист, узви Маҷлиси миллӣ шавад.

Бар асоси тағйироти қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон синни ҳадди ақали узви Маҷлиси миллӣ аз 35 ба 30-сола поин оварда шуда буд. Рустами Эмомалӣ, ки санаи таваллудаш  19-уми декабри 1987 мебошад, феълан аз номзадҳои асосӣ аз шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллӣ арзёбӣ мешавад. Дар расонаҳо ҳадс зада мешуд, ки ӯ ҷойгузини Убайдуллоев дар мақоми раиси палатаи болоии парлумон – нафари дуюми давлат хоҳад шуд.

Бар асоси фарзияҳои нашршуда, интизор меравад, Маҳмадсаид Убайдуллоеви 68-сола, ки аз соли 2000-ум то ҳол раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мебошад, ба нафақа равад.

Лентаи хабарҳо
0