Видео: "худро милиса гуфту 3 телефонро гирифта, рафт"

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкСтарт продаж iPhone X в России
Старт продаж iPhone X в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванди дигар хабар додааст, ки худро корманди милиса муаррифӣ намуда, даст ба қаллобӣ задааст

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Умед Мирзоев, сокини 36-солаи ноҳияи Фархор, худро корманди милиса гуфта, аз соҳибкор Шавкат Баротов дар бозори “Сомон”-и шаҳри Бӯстон се адад телефон гирифтааст, хабар медиҳад ВУД.

Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои милисаи тақаллубӣ барои пулканӣ аз занон бо таҳдиди парванда барои танфурӯшӣ

Манбаъ шеваи қаллобии Мирзоевро “усули классикӣ” унвон кардааст.  

Баротов, соҳиби мағозаи фурӯши телефонҳо дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки 21 феврал Мирзоев худро сардори кофтукоби ҷиноӣ муаррифӣ намуда, се адад телефони хушкардаашро бо ваъдаи нишон додан ба ҳамсар берун бароварда, ғайб задааст. Милисаи тақаллубӣ ҳамчунин калиди гӯиё мошинашро назди фурӯшанда гузоштааст.

Дар гузориши телевизионӣ, Мирзоев Умед тасдиқ мекунад, ки худро корманди “уголовний розиск”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфта, телефонҳоро тасарруф намудааст.

Ӯ афзуд, ки телефонҳоро дар маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе фурӯхт. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, Мирзоевро дар Қубодиён боздошт карданд ва аз афроде, ки аз аъмоли ӯ ҷабр дидаанд, даъват намуданд, ки ба идораи милиса хабар диҳанд.

Назари бевоситаи Мирзоев ва ҷониби ҳимояаш дар мавриди ин иттиҳомот маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0