Ҷароҳат бардоштани 5 тоҷикистонӣ дар бархӯрди автобус бо мошини сабукрав

© Sputnik / Сергей ЕщенкоДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандаи автомашинаи сабукрав, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, самти муқобили роҳ ҳаракат намуд, ки дар натиҷа бо автобуси мусофирбар бархӯрдаст

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik.Бархӯрди автобуси мусофирбар бо автомашинаи сабукрав дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба айби ронандаи тоҷик сар задаст, хабар медиҳад  Sputnik Казахстан бо истинод ба котиботи идораи пулиси ин вилоят.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ронандаи 19 сола ба девори оғилхонаи ҳамсоя бархӯрд ва ҳалок шуд

Ба иттилои манбаъ, садама шаби 11 ба 12 - уми март дар минтақаи Калабай рух задааст.  Гуфта мешавад, ронандаи тоҷик ба самти муқобили роҳ баромадаст, ки дар натиҷа бо автобуси мусофирбар бархӯрдаст.

Дар дохили автобус 17 мусофир қарор доштанд.

Ниме аз мусофирони автобус дар пайи бархӯрд бо "КамАЗ" ҷон бохтанд

Манбаъ меафзяд, дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи "Форд - Фокус" ва чор мусофири ӯ, ки ду нафарашон ноболиғ буданд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба бемористони марказӣ интиқол дода шуданд.

Феълан кормандони пулис аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0