Қиматтарин бензин дар Осиёи Миёна дар Тоҷикистон будааст

CC0 / Pixabay / Автозаправка, архивное фото
Автозаправка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи пажуҳиши Ассосиатсияи муомилагарони нафтии Қирғизистон арзонтарин маводи сӯхт миёни бархе аз кишварҳои ИДМ дар Қазоқистон будааст

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар пажуҳиши ин ташкилот гуфта шудааст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қиматтарин нархи бензин дар Тоҷикистон будааст, иттилоъ додааст хабаргузории “КABAR”.

Тибқи иттилои манбаъ, арзонтарин бензин дар қазоқистон будааст. Арзиши як литри бензини тамғаи 92 дар Қазоқистон 3,7 сомониро ташкил медодааст.

Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанг барои нархгузории нафт: коршиносони ғарбӣ ғолибро пешгӯӣ карданд

Бино бар иттилои манбаъ нархи бензини тамғаи 92 дар Қирғизистон 5,2 сомонӣ, Русия 5,9 сомонӣ, Тоҷикистон 7,7 сомонӣ, Ӯзбекистон 7,8 сомонӣ, Белорус 7,4 сомонӣ ва дар Арманистон 8,7 сомнӣ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ҳамин манбаъ дар Қазоқистон на танҳо арзиши бензин балки маводи сӯхти дизелӣ низ арзон будааст.

Барои мисол арзиши як литри сӯзишвории дизелӣ дар Қазоқистон 3,6 сомониро ташкил медиҳад. Қимати ин навъӣ сӯзишворӣ дар Қирғизистон 5,9 сомонӣ, Русия 6,5 сомонӣ, Тоҷикистон 7,6 сомонӣ, Ӯзбекистон 7,7 сомонӣ, Беларус 7,4 сомонӣ ва дар Арманистон 8,7 сомониро ташкил додааст.

Бояд қайд, ки дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҳафтаи гузашта барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, ҳафтаи ҷадид бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оғоз шуд.

Горящий мотоцикл во время протестов в Иране  - Sputnik Тоҷикистон
Гаронии нархи бензин ба тазоҳуроти густурда дар Эрон оварда расонд - акс

Дар рӯзи коҳиши нархи нафт қурби доллар ва евро дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора боло рафта, дар Русия арзиши як доллар ба беш аз 72 рубл ва евро ба 82,2 рубл баробар шуда буд.

То имрӯз арзиши нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба маротиб коҳиш ёфт.  

Нархи як бушка нафти Brent  дар биржаҳои Лондон 34,58 доллар нархгузорӣ шудааст.

Раванди коҳишёбии нафти хом дар ҳоле ҷараён дорад, ки коршиносон муътақиданд, ки эҳтимол то ҳафтаҳои наздик нархи ҳар бушка нафт ба 25 доллар расад.

Лентаи хабарҳо
0