Дастури Тоқаев: яке аз волидони муҳасиллин ба рухсатии музднок фиристода шавад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон дар робита ба баста шудани дари макотибҳо дастур додааст, ки ба яке аз волидони муҳассилин рухсатии музднок дода шавад

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Қосим - Жомарт Тоқаев кишвардори Қазоқистон дар робита ба зуҳури маризии коронавирус дар ин кишвар бо роҳбарони мақомоти қудратӣ ҷаласа фаврӣ баргузор намудааст.

Министр здравохранние Олимзода встретился с послом Японии - Sputnik Тоҷикистон
Барои пешгирии коронавирус: Ҷопон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ мефиристад

Ба иттилои Sputnik Қазоқистон, дар рафти ҷаласа роҳҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус баррасӣ гардидааст. Раисҷумҳур дастур додааст, ки дар робита ба баста будани макотибҳо, ба яке аз волидони толибилмон рухсатии музднок дода шавад.

Ба изҳори Тоқаев тадобирҳои пешгирикунанда, ки феълан пиёда гардидаанд, саривақтӣ ва зарур мебошанд. Зимнан, президент дастур дод, ки сатҳи кифоягии маводи доруворӣ барои шаҳрвандон ва  ҳамзамон омодагии бемористонҳо барои қабули дардмандон назорат карда шавад.

Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус

Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон нахустин ҳолати сироятшавӣ ба маризии коронавирус имрӯз, 13 - уми март сабт гардид.

Вазорати беҳдошти ин кишвар ахиран эълон кард, ки ду қазоқистоние, ки аз Олмон вориди ватан шуданд, ташхиси онҳо мусбат баромад ва феълан онҳо дар бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0