Коргардон ва сиёсатмадор: Давлат Худоназаров 76-сола шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешДавлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров
Давлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлат Худоназаров -коргардони советӣ, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ, Ҳунаманди мардумии ҶШС Тоҷикистони имрӯз, 13 март 76-сола шуд

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Давлат Худоназаров соли 1944 дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Давлат Худоназаров советский, таджикский режиссер-кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989) - Sputnik Тоҷикистон
Давлат Худоназаров дар ҷашнвораи киноҳои мусалмонӣ дар Қазон иштирок мекунад

Модараш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ва падараш мудири мактаб будааст.

Хатмкардаи факултаи оператории ВГИК, Донишкадаи давлатии умумируссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимови Маскав мебошад.

Фаъолияташро дар "Тоҷикфилм" оғоз карда, дар соли 1986 котиби аввали Шӯрои кинематографони ИҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз ин пас, фаъолияти сиёсии Худоназаров оғоз мешавад.

Ӯ соли 1989 дар интихоботи вакили мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ноҳияи Шуғнон пирӯз мегардад.

Тобистони соли 1990 коргардони тоҷикро раиси Федератсияи Иттиҳоди конематографистони СССР интихоб мекунанд.

Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

Худоназаров дар аввалин интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок намуда, 24 ноябри соли 1991 - 30 дарсад овоз мегирад. Дар натиҷа ҳарифаш Раҳмон Набиев пирӯз мешавад.

Давлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

Худоназаров соли 1993, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Амрико даъват мешавад ва соли 1995 ба Русия бозмегардад.

Ӯ дар Маскав истиқомат ва фаъолияти иҷтимоияшро давом медиҳад. Худоназаров ба гурезаҳои Тоҷикистону Афғонистон дасти ёрӣ дароз мекунад.

Аввалҳои соли 2000 ба сиёсат бармегардад ва раиси шӯъбаи ҳизби "Союз людей за образование и науку" дар Маскав интихоб мешавад.

Ҳамсараш вакил ва фаъоли иҷтимоии номӣ Гавҳар Ҷӯраева аст. Онҳо соҳиби ду писаранд.

Худоназаров соли 1971 ба ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ барои филми "Достони Рустам" сазовор дониста шудааст.

Соли 2019 бо ҷоизаи "Ак-Илбирс" қадрдонӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0