Таркиш дар корхонаи "Давр - 2015": ҷавони 24 - сола ҳалок ва се тан захм бардоштанд

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Душанбу хабар медиҳад, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва се тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 14-уми марти соли 2020, тахминан соати 12:00, дар корхонаи ҶДММ "Давр-201"», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов 29 А,  рух додааст.

Беспорядки в американском городе Балтиморе - Sputnik Тоҷикистон
Бистарӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиш ва сӯхтор дар Қазоқистон

Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳимов Шаҳбози 24 - сола, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, деҳаи Қаратоғ, ҳангоми гузаронидани корҳои таъмирӣ, буридани қишри оҳан бо ҷисми омехтаи кислород расида, таркиш ба амал омад.

Бар асари таркиши газ бинои истиқоматӣ фурӯ рехт - навор

Дар пайи ин ҳодиса, Раҳимов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан санҷиши пурраи ҳолати мазкур идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала