Ҷароҳати 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳалокати як қирғиз: бархӯрди Mercedes бо қатора

© Sputnik / Стас ЭтвешСкорая помощь, архивное фото
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи бархӯрди мошин ба як қатор дар қаламрави Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои гуногун бистарӣ шуда ва як шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон иттилоъ додааст, ки ин ҳодисаи нохуш шаби 13 -уми март дар наздикии деҳаи Ак- Торпок и кишвар рух додааст.

"Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 13 марти соли 2020 соати 19:03 дақиқа дар наздикии деҳаи Ак-Торпок, қатораи мусофирбарии Бишкек-Кара-Балта бо сабабҳои номаълум ба автомашинаи мусофиркашии тамғаи Mercedes-Benz Sprinter, рақами давлатиаш влатиаш г/н 01KG611ADF бархӯрдааст. Дар натиҷа 13 нафар мусофирони мошини ёдшуда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи марказии ноҳиявии Московскии Ҷумҳурии Қирғизистон бистарӣ шуданд. Ҳоли яке аз ин 11 нафар вазнин гузориш шудааст", - иттилоъ медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

КҲФ бо такя ба маълумоти ироашуда аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон исми шаҳрвандони дар ин садама ҷароҳатдидаро шарҳ додааст, ки гуфта мешавад 11 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Автобус и поезд столкнулись на ж/д переезде во Владимирской области - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 20 нафар дар натиҷаи бархӯрди қатора бо автобуси мусофирбар

Манбаъ, исми 11 нафари захмбардоштаҳоиро нашр намудааст. ки инҳо: ҳамагӣ сокинони ноҳияи Лахш мебошанд: Жээнбекова Саодат Ормоновна соли таваллуд 1954, Жээнбеков Абдикайим Муродович соли таваллуд 1962 (ронанда), Файзидинов Абдаҳит соли таваллуд 1982, Жээнбеков Шомансур Абдикайимович соли таваллуд 1989 (дар вазнинхонаи бемористони зикршуда), Файзидинов Абдижапар Аҳмединович соли таваллуд 1992, Фақиров Муҳиддин Салмонович соли таваллуд 1992, Азимқулов Мухтасар Зайнидинович соли таваллуд 1994, Файзидинов Даниэл Ҷаъфарович соли таваллуд 2018, Файзидинова Амина Ҷаъфаровна соли таваллуд 2017, Салмонов Абубакр Муҳидинович соли таваллуд 2019, Фақиров Абдураззоқ Муҳидинович соли таваллуд 2017.

Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Бар пояи иттилои КҲФ Тоҷикистон, ҳамаи ҷабрдидагон ба беморхонаи марказии ноҳиявии ба номи Московскии Қирғизистон интиқол дода шудаанд. Дар паи ин ҳодиса як зан, шаҳрванди Қирғизистон аснои итиқолёбӣ ба бемористон дар роҳ ҳалок шудааст.

КҲФ Тоҷикистон мегӯянд, тафтиши ин садамаи автомашинаи Mercedes-Benz Sprinter бо қатора аз сӯи ниҳодҳои тафтишотии Қирғизистон оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0