Тоқаев дар Қазоқистон вазъи фавқуллода эълом кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қазоқистон дар робита ба паҳн шудани коронавирус барои як моҳ вазъияти фавқуллода эълом карда шуд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар ҳудуди Қазоқистон ба далели паҳншавии коронавирус вазъияти фавқуллода эълом гардид. Дар ин бора дар хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар дода мешавад.

Қарори мазкурро раисиҷумҳури Қазоқистон Тоқаев, рӯзи 15 март имзо кардааст.

Чунин вазъият як моҳ аз 15 март то 16 март дар ҳудуди Қазоқистон ҷорӣ шудааст.

"Дар робита ба аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом шудани вируси COVID-19  чун пандемия бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон мувофиқи қонунгузории Қазоқистон дар ҳудуди кишвар аз соати 08.00-и 16 марти соли 2020 то соати 07.00-и 15 апрели соли 2020 вазъияти фавқуллода эълом шуд", - омадааст дар қарор.

Тоқаев ҳамчунин барои созмони Комиссия оиди таъмини вазъияти фавқуллода фармон баровардааст.

Пандемияи коронавирус

Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Рӯзи гузашта хабар дода шуда буд, ки  дар Чин, хостгоҳи "вируси тоҷдор", 80 ҳазору 991 маврид (11 мавриди ҷадид) ва 3180 фавт (7 мавриди ҷадид) сабт шудааст, ки бамаротиб коҳиш ёфтани шуюъи ин вирусро бармало мекунад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Лентаи хабарҳо
0