“Даҳлези ҷанубӣ” - аз бандари Эрон то Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд: халали коронавирус

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкГрузовик, архивное фото
Грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ - "IRU" аз ифтитоҳи роҳрав ё даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон - "KTAI" хабар дод, аммо вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, зуҳури “вируси тоҷдор” дар кишварҳои масир ниҳоӣ шудани асноди марбутаро ба таъхир андохтааст

ДУШАНБЕ, 16 март – Sputnik. Тоҷикистон боз шудани даҳлези заминии Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон - Эронро барои рушди иқтисоди худ муҳим медонад, аммо то ба ҳол асноди марбут дар ин замина ниҳоӣ нашудаанд, изҳор дошт Суҳроб Мирзозода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон. 

Коронавирус — афсона ва ҳақиқат - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус – афсона ё ҳақиқат

“Яке аз сабабҳо ҳам шуюъи “вируси тоҷдор” дар кишварҳои ин масир, назири Эрону Афғонистон аст. Мо мунтазири инем, ки кор ба куҷо мекашад ва дар ҳоли фароҳам шудани шароит сари ин мавзӯъ бо кишварҳои зидахл кор хоҳем кард”, - гуфт Суҳроб Мирзозода.

Қаблан Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ - "The International Road Transport Union" аз нахустин амалиёти муваффақиятомези озмоишии TIR аз Бандари Аббоси Эрон ба Тоҷикистон тариқи Афғонистон ва боз шудани даҳлези KTAI барои интиқолоти TIR, низоми ҳамлу нақли ҷаҳонӣ хабар дода буд.

Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ як созмони ҷаҳонии ширкатҳои нақлиётии ҷаҳон, аз ҷумла боркашонӣ, таксӣ ва мусофиркаш аст, ки ширкатҳои соҳаро дар 180 кишвари ҷаҳон муттаҳид кардааст. Даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) ё “даҳлези ҷанубӣ” кӯтоҳтарини масири мумкин байни Эрон ва Қирғизистон аст, ки TIR тариқи он 5 рӯз дар замони транзити маъмул вақт сарфаҷӯӣ мекунад.

Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони имтиёзҳои зиёд ба соҳибкорон аз ҷониби роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон

“Масири тиҷории ҷадиди минтақаро ба самти тиҷорату рушд боз мекунад ва ба ҳамлу нақли колову операторҳои ҳамлу нақл ин имконро медиҳад, то ҳангоми ҳамлу нақли коло аз пасандози ҳазинаву вақти қобили таваҷҷуҳе баҳраманд шаванд”, - омадааст дар иттилоияи IRU.

Бино ба ин манбаъ, моҳи равон як корвони боркашонҳои TIR ба таври озмоиш аз бандари Бандари Аббос, яке аз 100 бандари бузурги ҷаҳон, вориди кишвари Афғонистон шуд, ҷое, ки мақомоти афғон дар интизори корвон буданд.

“Боркашҳои TIR сафари худро ба саросари Афғонистон идома доданд ва бо суръат ба мақсади ниҳоии худ рафтанд ва бо хаёли роҳат вориди Душанбе, Тоҷикистон шуданд”, - омадааст дар иттилоияи IRU.

Бар асоси гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҷамъияти кулли чаҳор кишвар дар тӯли даҳлез беш аз 128 миллион нафар ва кулли тавлиди нохолис дохилӣ (ТНД) - и онҳо наздик ба ним трилион доллар аст.

Автомобили на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози ҳаракати мошинҳо ба Чин тариқи Тоҷикистон баъди имзои Мирзиёев

“Роҳандозии даҳлези KTAI ба гунае тарроҳӣ шудааст, ки дар ин бозорҳои рӯ ба рушд қарор бигирад. Бо таваҷҷуҳ ба нуқтаи шурӯъи масири бандари Бандари Аббос, тоҷирон ва операторҳои ҳамлу нақл низ метавонанд аз амалкардҳои байнимоделӣ ва диҷиталии TIR дар тӯли роҳрав истифода ва ҷараёнҳои тиҷориву рушди ронандагӣ дар минтақаро беҳина кунанд”, - машварат медиҳад IRU.

TIR (Transports International Routiers) ё “Ҳамлу нақли заминии байнулмилалӣ як низоми ҳамлу нақли заминии байнулмилалии молу коло аст, ки бар асоси Конвенсияи гумрукии ҳамли молу колои байнулмилалӣ кор мекунад. Ин низом қариб дар 70 кишвари ҷаҳон фаъол аст. Ширкатҳое, ки машғули ҳамлу нақли байнулмилалӣ ва узви TIR – анд, аз асноди гумрукие ба номи Carnet TIR истифода мекунанд, ки бидуни пардохти молиёти гумрукӣ марзи кишварҳоро убур мекунанд, баррасии комил намешаванд ва аз дигар сабукиҳо бархӯрдоранд. Бино ба иттилои IRU, китобчаи Carnet TIR вақти иниқоли молу колоро ба 80% ва хароҷоти роҳро то 38% коҳиш медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0