Ифтитоҳи 15 парвандаи ҷиноӣ барои додани пора ва 43 парванда барои гирифтани он

Мақомоти Тоҷикистон 788 парвандаи дорои хусусияти коррупсиониро оғоз кардаанд, ки аксари онҳо ба азонихудкунӣ рабт доранд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, изҳор дошт, ки аз 788 парвандаи коррупсионӣ, ба азонихудкунӣ 232 адад рабт доштаанд.

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати ВУХ ба мардум: ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон сафар накунед

“Барои қаллобӣ 169 парванда, сӯиистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 40, гирифтани пора 43, додани пора 15 ва 276 дигар ҷиноятҳои  коррупсионӣ оғоз  карда шуданд”, - гуфтаст Юсуф Раҳмон дар суҳбат бо “Ховар”.

Садҳо ҷинояти коррупсионӣ дар ҳолест, ки генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ахиран бо нашри мақолае гуфт, дар натиҷаи омилҳои коррупсионӣ иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо коҳиш меёбад. Бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад, гуфт Султонзода.

Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия дар робита ба коронавирус вазъи фавқуллода эълом мешавад?

“Ба замми ин, самаранокии фаъолияти иқтисодиёт ва вайроншавии механизмҳои бозоргониро ба амал оварда, рақобати солимро аз байн мебарад ва ба пайдошавии тамоюлҳои инҳисорӣ (монополӣ) мусоидат менамояд”, - изҳор дошта буд ӯ.

Султонзода: кормандони Агентии мубориза бо коррупсия даст ба фасодкорӣ назадаанд

Султонзода тавзеҳ дод, ки мақомоти олуда ба коррупсия ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада шароит фароҳам меоварад: “Дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташаккул ёфта, оқибат ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад”.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала