Эрон таҳримҳои Амрико бар зидди ин кишварро терроризми иқтисодӣ хонд

© AP / Vahid SalemiМинистр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф, архивное фото
Министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар як номаи худ ба дабири кулли СММ, таҳримҳои якҷонибаи Амрико дар масири таъмини лавозими беҳдоштӣ ва дармонии мавриди ниёзи Эрон барои муқобила бо коронавирусро терроризми иқтисодӣ хондааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ахиран дастёрони вазири умури хориҷаи Эрон дар мулоқотҳои ҷудогона бо сафирон ва руасои намояндагиҳои хориҷии муқими Теҳрон, мушкилот ва монеаҳои ношӣ аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико дар масири таъмини лавозими беҳдоштӣ ва дармонии мавриди ниёзи Эрон барои муқобила бо коронавирусро ташреҳ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Эрон: наздик панҷ ҳазор нафар аз коронавирус наҷот ёфт

Бино бар иттилои манбаъ, дастёрони вазири умури хориҷаи Эрон дар дар ин дидорҳо, номаҳои Муҳаммадҷаводи Зариф хитоб ба ҳамтоёнаш дар кишварҳои мухталифро ба руасои намояндагиҳои хориҷии муқими Теҳрон, ҷиҳати таслим ба вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо таҳвил доданд.

Зариф пеш аз ин низ дар паёме бо мӯҳтавои мушобеҳи ин номаҳо, хитоб ба Антонио Гуттереш, дабири кулли СММ бо таъкид бар лузуми рафъи ҳамаи таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико зидди Эрон, хотирнишон кард.

“Бо вуҷуди тавонмандии илмии низоми саломати Эрон, таҳрим ва пешшартҳои Амрико барои мамониат аз фурӯши дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, талошҳо барои мубориза бо коронавирус дар Эронро бо монеаҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст”, - таъкид дошт Зариф.

Бар асоси ин гузориш, вазири умури хориҷаи Эрон дар номаҳои худ хитоб ба дабири кулли СММ ва ҳамтоёнаш дар дигар кишварҳо, бо интиқод аз беамалии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили иқдомоти ғайриқонунии давлати Амрико, таваққуфи фаврии терроризми иқтисодии Вашингтон алайҳи мардуми Эронро илзомӣ донист.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала