Қатъи таҳсил дар Ӯзбекистон: сар аз имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ карантин эълон шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешШкольница в медицинской маске на улице Душанбе
Школьница в медицинской маске на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон эълон намудааст, ки аз имрӯз тамоми муассисаҳои таълимии ин кишвар ба карантин гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар робита ба бемории сироятии коронавирус ҳамаи донишҷӯёни мактабҳои олӣ, мактаббачагон ва хонандагони муассисаҳову ташкилоти томактабии Ӯзбекистон аз 16 март ба таътил равон карда мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории милии “УзА”.

Врач проверяет температуру тела мужчины, возвращающегося из Ирана в карантинную зону, для проверки на коронавирус COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон меафзояд: аз шавҳар ба ҳамсар ва набера гузашт

Манбаъ таъкид доштааст, ки хабари ба карантин фаро гирифтани муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон аз ҷониби сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов зимни баргузории як нишаст матбуотӣ сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи якшанбе, 15 март, дар Институти вирусологии Ӯзбекистон аз як нафар шаҳрванди ин кишвар, ки аз Фаронса ба ватан баргашта буд, нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирусро ошкор карданд.

Ахиран вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки шумори умумии гирифторони коронавирус дар ин кишвар то ҳол ба шаш нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, ду ҳолати ахир дар тани ҳамсар ва набераи нафаре, ки аз Фаронса омадау тесташ мусбат шуд, пайдо гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, коронавирус қаблан аз ин нафар ба писар ва духтараш сироят карда буд, ки рӯзи якшанбе аз Фаронса ба Тошканд расида буд.

Трава гармалы - Sputnik Тоҷикистон
Тарс аз коронавирус: харидории баста баста ҳазориспанд дар Самарқанд - навор

Дар пайи ин ҳолат, сардухтури санитарии Ӯзбекистон Баҳром Алматов аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки ба воҳима дода нашаванд ва қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд.

Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, сар аз имрӯз дар ин кишвар маркази хизматрасонии ягона (call-центр) таҳти рақами 1003 ташкил шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд оид бамасоили марбут ба коронавирус  муроҷиат кунанд.

Мақомоти Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар муассисаҳои таълимияш карантини сартосарӣ эълон кард.

Ин дуюмин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки коронавирус дар он ошкор гардид. Қаблан ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон сабт шуд, ки мубталоён аз Олмон баргашта буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала