Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои бадахлоқию анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ як шахсеро бо лақаби “мулло-профессор” боздошт намудааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти Саидов Раҷабалӣ Соҳибович, соли таввалудаш 1971 бо лақаби “мулло-профессор” ки дар бадахлоқию анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешавад хабар дод.

Волк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷодугарӣ дар пойтахт: кашфи “бахткушоӣ”-и ғайриқонунӣ бо қулфу олоти гург (ВИДЕО)

Нарху тарзҳои ҷоду: чӣ гуна духтар бераҳа ва шавҳар бевабоз нашавад-видео

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, Саидов Раҷабалӣ, сокини ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор, ҳангоми анҷоми фолбинию ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбати занҳо боздошт шудааст.

Боздошти марди 80-сола ҳангоми фолбинию зинокорӣ дар Душанбе-видео

Ҳамчунин ВУД Тоҷикистон зикр кардааст, дар гузашта Саидов аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) будааст.

Мақомоти умури дохилӣ бо нашри як гузориш хабар доданд, ки Саидов Раҷабалӣ  бо истифода аз боварии динии мардум ба бахткӯшоӣ, ҷинбарорӣ, гарму хунук кардани муносибатҳо, шифобахши аз безориёт машғул шуда, нисбати занони муроҷиаткунанда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.

Феълан назари худи Саидов Раҷабалӣ дар мавриди айби эълонкардаи мақомот маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала