Чигуна худро аз коронавирус ҳимоя кард: навори омӯзишии КҲФ-видео

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои ба мардум расонидани роҳҳои пешгирӣ аз коронавиру таҳия ва пахши наворҳои кӯтоҳи омӯзиширо шурӯъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар саҳифаи расмияш дар Ютуб навори омӯзишиеро гузошта, гуфтааст тамошои он имкон медиҳад шаҳрвандон дар бораи пешгирии коронавирус маълумот дошта бошанд.

Жители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города - Sputnik Тоҷикистон
Тавсия ва таҷрибаҳои рӯзноманигори тоҷик дар Эрон барои пешгирӣ аз коронавирус

Ба иттилои сомонаи расимии Кумита чунин тасмим ҷиҳати роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ аз сироят ба вируси короно гирифта шудааст.

“Тамошои ин навор имкон медиҳад ҳар нафар барои хубтар аз худ намудани қоидаҳои пешгирии коронавирус ва риояи онҳо маълумоти пурра дошта бошад”,-афзудааст манбаъ.

Дар навори якминутаи видеоӣ гуфта мешавад, барои пешгирӣ аз коронавирус дастонро бояд тез-тез шуст бо собун ё маҳлулҳои махсуси дигар шуед, ҳангоми атса задан рӯйи худро бо рӯйсолчаи яккарата ва ё оринҷ пӯшонид, худро аз шахсоне, ки нишонаҳои шамолхурӣ ва зуком доранд дур гиред.

Ҳамчунин дар навор гуфта мешавад, аз дар шумо таби баланд, душворшавии нафаскашӣ ва сулфа ба мушоҳида расад, ҳатман ба табиби оилавӣ барои табобати саривақтӣ муроҷиат намуда, ба хона даъват созед ва ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед.

Лентаи хабарҳо
0