Ҳалокати шаш нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

© Sputnik / Александр НестеровДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ, ки баъд аз зуҳри рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба вуҷуд омад, шаш нафар ҳалок шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодиса баъди зуҳри рӯзи гузашта, дар мавзеи деҳаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, воқеъ  дар километри 191 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рӯй дода, то кунун сабаби он дақиқан маълум нашудааст.

Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи Опел-Зефира, ки таҳти идораи Мамадризо Иброҳимови 45-солаи сокини шаҳри Душанбе буд, ба нақлиёти боркаши Дулан, ки онро Меҳрубон Бозорови 35 сола меронд, бармехӯрад.

“Дар натиҷаи садама ронандаи  автомашинаи тамғаи Опел-Зефира ва 5 нафар мусофиронаш:  Раҳимов Икромҷон Ҷурабекович соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи кўчаи Навободи шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Эргашев Абдуғафур Абдуллоҷонович соли таввалудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Файзиев Маҳмадсаид Раҳмонович соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, Сайфуллоева Гулсуной соли таввалудаш 1976, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва  Назаров Фаррух Раҳматуллоевич соли таввалудаш 1999 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд”-афзудааст манбаъ.

Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои садамаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар рӯз ба ронандагон муроҷиат мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, фосилаи байни ду мошин бояд ҷиддан риоя шавад, то дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи ногувор тавонанд мошинро ба самти бехатар равона созанд. Вале мутаассифона, на ҳамеша ин тавсияҳо шунида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0