Коронавирус Тоҷикистонро иҳота мекунад: 3 маврид дар Қирғизистон

© AP / Darko BandicМедицинский работник в защитном костюме
Медицинский работник в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз, 18 март, дар як нишасти матбуотӣ аз ошкор шудани се мавриди гирифторӣ ба коронавирус ё вируси тоҷдор дар ин кишвар гузориш дод

ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, Космосбек Чолпонбоев, вазири тандурустии Қирғизистон гуфтааст, ин афрод сокинони ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод буда, рӯзи 12 март аз ҳаҷҷи умра аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ: то ҳол бар зидди коронавирус ҳеҷ доруи махсусе вуҷуд надорад

 Ба гуфта вай, он замон Арабистон ба ҳеҷ як аз дастаи кишварҳое, ки афрод вурудӣ аз онҳо қарантина шаванд, тааллуқ намегирифт.

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид

Вай афзуд, вазорати тандурустӣ хабар дорад, ки афроди зиёде дар ҳаҷ ҳастанд, бинобарин эҳтимоли уфунат вуҷуд дорад.

"Вақте ин шаҳрвандон расиданд, мо билофосила бо онҳо кор кардем. Онҳо дар хона буданд, ҳар рӯз тавассути пизишкон мавриди боздид қарор мегирифтанд. Ҳангоме, ки пизишкон ба яке аз хонаҳо муроҷиа карданд, як маврид кашф шуд. Зан таб дошт. Мо тасмим гирифтем аз ӯ ва ҳамроҳонаш тест бигирем", - гуфт Космосбек Чолпонбоев.

 Вазири тандурустии Қирғизистон гуфт, дар маҷмӯъ аз ҳашт нафар тест гирифтаанд ва дар як зан вирус таъйид нашудааст.

Меры по профилактике в метро в связи с коронавирусом  - Sputnik Тоҷикистон
Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон 35 ва дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид

“Аммо барои се нафар, озмоишгоҳ вирусшиносии Ӯш шомгоҳи 16 март бемории “вируси тоҷдор” - ро таъйид кард. Намунаҳо билофосила ба Бишкек ирсол шуданд. Шаби гузашта натоиҷи озмоишоти озмоишгоҳи Ӯш таъйид шуд", - гуфтааст Космосбек Чолпонбоев.

Рӯзи гузашта Қирғизистон марзҳояшро барои шаҳрвандон хориҷӣ баста буд. Фақат шаҳрвандон қирғиз метавонанд вориди ҷумҳурӣ шаванд ва шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз он берун раванд.

Ситоди амалиётии вазорати тандурустӣ аз ифшои номи мубталоёни “вируси тоҷдор” ва маконе, ки дар он беморон нигаҳдорӣ мешавад, худдорӣ кардааст.

Қирғизистон сеюмин кишвари Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистону Ӯзбекистон мешаванд, ки мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” – ро сабт мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала