Ҳашт намуд: Чин барои озмоиши ваксин алайҳи коронавирус довталабон меҷӯяд

© AFP 2021 / JURE MAKOVECМедицинский работник в защитных очках, архивное фото
Медицинский работник в защитных очках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бар тибқи хабарҳо дар Чин феълан 8 намуди ваксин алайҳи коронавирус коркард шудааст, ки аксари онро дар ҳайвонот санҷида шуданд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Олимони чинӣ барои оғоз кардани озмоиши клиникии ваксинаи таҳияшудаи коронавирус ихтиёриёнро ҷалб мекунанд.

Видеомавод оид ба пешгирии коронавирус - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна худро аз коронавирус ҳимоя кард: навори омӯзишии КҲФ-видео

Аксари ташкилотҳои дахлдор ният доранд, ки ҳамаи озмоишҳои клиникиро дар моҳи апрел ба анҷом расонанд. Дар ин бора узви Академияи муҳандисии Чин Ван Ҷунҷӣ изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости

"Дар мамлакати мо созмонҳое ҳастанд, ки дар таҳқиқот ва таҳияи ваксина ба пешрафт ноил гаштаанд. Онҳо аллакай барои асосноксозии лоиҳаи тадқиқотии клиникӣ ба Идораҳои давлатии озуқаворӣ ва доруворӣ ариза ирсол кардаанд, ва аз пайи дарёфти ихтиёриён барои санҷиши ваксин қарор доранд", - афзудааст ӯ.

Коронавирус Тоҷикистонро иҳота мекунад: 3 маврид дар Қирғизистон

Қаблан, Ҷин Чуан, корманди Пажӯҳишгоҳи лабораторияи тадқиқоти ҳайвоноти Академияи илмҳои тиббии Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфта буд, ки дар ин кишвар аллакай ҳашт навъи ваксина таҳия шудааст.
Самаранокии аксари ваксинҳо дар ҳайвонот собит карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки феълан дар ҷаҳон ба маризии сироятии коронавирус беш аз 182 ҳазор нафар мубтало гардидаанд. Зимнан, теъдоди қурбониён ба 7 415 ва шифоёфтагон  79 ҳазор нафар баробар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала