"Истаравшан" соҳиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболист на поле, архивное фото
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи байнимавсимӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи байнимавсимӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо пирӯзии тими "Истаравшан" анҷом ёфт, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Олимпиада 2020, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КБО мегӯяд, бозиҳои олимпии Токиё бидуни таъхиркорӣ баргузор мегарданд

Ба иттилои манбаъ, дар бозии ниҳоӣ мисли соли гузашта дастаҳои "Истаравшан" ва КМВА бо ҳам вохӯрданд.

"Агар соли 2019 ҷом насиби футболбозони артиш шуда буд, ин навбат дастаи “Истаравшан” ғалаба кард – 2:1. Дар ҳайати дастаи Алиёр Ашурмамадов голҳоро Зуфар Акбаралиев ва Илҳомҷон Баротов заданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумита афзуд, ки медалҳои биринҷии мусобиқа насиби футболбозони дастаи "Душанбе-83" шуд, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм тими "Куктош"-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд.

Ғалабаи дастаи пойтахт тавассути зарбаҳои нишонраси Далер Имомназаров ва Колинс Адуҳан ба даст омад, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Зикр шуд, ки мусобиқаи Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистон-2020 аз 10 то 18 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бо мақсади омодагии дастаҳои лигаи олӣ ба мавсими нав, баргузор шуд. Дар мусобиқа ҳамаи 10 дастаи лигаи олӣ ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала