Коронавирус мусобиқаи қаиқрониро низ лағв намуд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкСпортсмены по гребле
Спортсмены по гребле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи байналмилалии каноэ (ICF) эълон кард, ки мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба каноэ, ки мебоист то 31-уми май баргузор мегардад, бо сабаби авҷ гирифтани маризии коронавирус доир намешаванд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. ICF тасмим лағви ин мусобиқаро ба даҳшати коронавирус алоқаманд мекунад, менависад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Шахриёр Даминов, победитель Азиатских игр по байдарке в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳриёр Даминов соҳиби медали тиллои мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ шуд

Ба иттилои манбаъ, феълан масъалаи тағйир ёфтани замони мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 идома дорад.

Зимнан, Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо пахши як изҳорот тасдиқ кард, ки Бозиҳои олимпии Токио тибқи нақша 24 июл оғоз мегардад.
Вазъият дар робита ба вируси корона дар ҷаҳон ноустувор боқӣ мемонад, аз ин рӯ мусобиқаҳои калидӣ аллакай барҳам дода шуданд.

Оғози чемпионати ҷаҳон бо иштироки 5 қаиқрони тоҷик

Феълан ICF ҳамаи мусобиқаҳои интихобии олимпии қоравӣ, аз ҷумла Қаҳрамонии Осиё оид ба каноэро, ки бояд дар Тайланд баргузор мешуд, барҳам дод.

Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ низ 21-24 май дар Дуисбурги Олмон доир намешавад, вале ICF ва кумитаи тадурокот имкони баргузории мусобиқаро дар охири моҳи июн баррасӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0