Афзоиши коронавирус дар ИДМ: шумораи мубталоён ба 569 нафар расид

© AGENCJA GAZETAЧеловек в защитном костюме, архивное фото
Человек в защитном костюме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия дар 52 шаҳрванди дигар коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардида, шумораи мубталоён ба 199 нафар расид

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. То субҳи 20 март шумораи умумии гирифторони  коронавирус дар давлатҳои ИДМ 569 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 122, дар Молдова ба 49, дар Қазоқистон ба 49, дар Озарбойҷон ба 44 ва дар Украина ба 26 нафар расид, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии беҳдошт..

Дар Белорус, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 51, 23 ва 6 нафарро ташкил медиҳад.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Авиган: табибони Чин доруи муассир алайҳи коронавирусро пайдо карданд

То имрӯз дар Русия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 7, дар Беларус — 5 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон, Русия ва Молдова 1-ҳолатӣ фавт ва дар Украина ду ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад, ки аз миёни онҳо як нафар аз беморхона мураххас шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,9 ҳазор), Италия (беш аз 41 ҳазор), Эрон (беш аз 18,4 ҳазор), Испания (беш аз 18 ҳазор), Олмон (беш аз 15,3 ҳазор), ИМА (беш аз 14,3 ҳазор), Фаронса (беш аз 10,9 ҳазор), Кореи Ҷанубӣ (беш аз 8,6 ҳазор), Швейтсария (беш аз 4,2 ҳазор) ва Британёи Кабир (беш аз 3,2 ҳазор) дохил мешаванд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 245 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 10 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 88,4 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 7,3 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала