Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон хост, Наврӯзро баргузор накунад

© © Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в ЖД парке города Душанбе
Празднование Навруза в ЖД парке города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз Тоҷикистон даъват менамояд, ки аз ташкили чорабиниҳои фароғатии оммавӣ, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз пешбинӣ шудаанд, эҳтиёткор бошанд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар муроҷиат намудааст, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд, хабар медиҳад ТоҷикТа.

Праздничная молитва в праздник Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дуои дастаҷамъӣ алайҳи коронавирус: оғози рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон

Дар робита ба ин, ба дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон мактуб бо дастуру тавзеҳот ирсол гардидааст.

Афзоиши коронавирус дар ИДМ: шумораи мубталоён ба 569 нафар расид

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар матни номаи СҶБ омадааст, ки дар ташкили чорабиниҳои фароғатии оммавӣ, ки ба оқибатҳои вазнини саломатӣ оварда метавонанд, эҳтиёткор бошанд.

"Аксари  сарчашмаҳо тасдиқ мекунанд, ки чорабиниҳои оммавӣ метавонанд ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мусоидат кунанд", -  гуфта мешавад дар изҳорот.

Созмони мазкур таъкид мекунад, ки тасмим дар бораи лағв ва ё баргузор кардани ҷашнҳои бузург, бояд пеш аз ҳама хатари расондани он ба ҷомеа дақиқ карда шавад.

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид

Зимнан, СҶБ изҳор намудаст, ки омода аст кӯмаки машваратӣ ва техникии худро дар баҳодиҳии хавф ба саломатии ҷомеа ҳангоми баргузории ҷашнҳои васеъмиқёс пешниҳод намояд.

Посол Ирана в Таджикистане Мухаммадтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон
Аз равобит то мубориза бо коронавирус: табрикоти сафири Эрон ба муносибати Иди Наврӯз

Қобили зикр аст, қаблан СҶБ чандин роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирусро пешниҳод намуда буд, ки карантин ва манъи  чорабиниҳои оммавӣ аз усулҳои ироанамудаи ин созмон мебошанд.

Дар Тоҷикистон омодагӣ ба баргузории Ҷашни Наврӯзи Аҷам беш аз як моҳ тӯл мекашад. Бо вуҷуди хавфи маризии коронавирус, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин ҷашнро пуршукӯҳ дар Хуҷанди Бостон ҷашн мегирад.

Интизор меравад, дар чорабинии мазкур худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад. Ҳамзамон аз ҳузури то 12 ҳазор тамошобин дар баргузории ҷашни Наврӯз хабар дода мешавад.

Сурахонӣ барои коронавирус: дар масҷиди ҷомеи Маскав шабонарӯз Қуръон хонда мешавад

Баргузории ин ҷашн дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз баргузор кардани Наврӯз даст кашиданд.

Тоҷикистон ва Туркманистон хушбахтона аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло аз маризии сироятии коронавирус дар канор мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала