ВУД фироркардаҳои "шиносдор"-ро ба карантин бурд: дигаронро дар хатар гузоштанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкБольница для пациентов с подозрением на коронавирус
Больница для пациентов с подозрением на коронавирус  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки фирориён аз карантин муайян ва ба ҷойҳои махсусгардондашуда бозпас оварда шуданд

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар натиҷаи корҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ВУД Тоҷикистон, ду нафари фирорӣ ба макони карантин баргардонда шуданд.

Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Сесад ҳазор бемор: омори охири маргу мир аз коронавирус дар ҷаҳон

Тибқи иттилои ВУД, ин ду мусофири хатсайри Истанбул – Душанбе рӯзи 19 марти соли 2020 то расидан ба маҳали карантин аз автобуси махсус фирор карда буданд.

Шахсияти онҳо саривақт маълум карда шуда, ба маҳалли карантинӣ баргардонида шуданд, афзуд ВУД.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, “тамоми шахрвандоне ки аз давлатҳои осебпазир ба бемории короновиру  баргаштаанд ҳатман дар ҷойҳои махсуси карантинӣ нигоҳ дошта шуда, таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои тарки ҷои карантин кардани афроди алоҳида дар мошинҳои гаронарзиш нашр гардида, таъкид шуда буд, ки аз ин макон тариқи шиносбозӣ бархе раҳо мешаванд.

Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, чунин афрод на танҳо худ балки афроди дигарро таҳти хатар қарор медиҳанд. Дар ҳамин ҳол бархе аз давлатҳо барои худдорӣ аз карантину таҳти хатар қарор додани дигарон ҷазоҳои сангинро ҷорӣ карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0