Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду жола ва тавсия ба беморони дил: бо худ дору гиред

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСильный ветер в Москве, архивное фото
Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сокинони кишварро огоҳ мекунад, ки давоми ду рӯзи оянда дар кишвар ҳаво номусоид хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод,  аз 24 то 26-уми марти соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ шуда, боронҳои шадид, раъду барқ ва бориши жола низ дар назар аст.

Груда камней. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз лағзиши тарма ва сангрезиш: аз шикор ва сафарҳои безарурат худдорӣ кунед

Ба иттилои манбаъ, бориши шадид дар маҳалҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳо метавонад боиси ҳаракати хок шавад ва сатҳи обро дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо боло барад ва хавфи лағзиши тарма ва резиши сангро афзун кунад.

Манбаъ мегӯяд, болоравии сатҳи оби дарёҳо ва кӯлҳо метавонад заминҳои соҳилро зери об кунад, ҳамчунин хавфи канда шудани сарбандҳо аз эҳтимол дур нест. 

КҲФ дар робита ба ин ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия додааст, ки дар ин гуна ҳолатҳо дар назди обанборҳо ва соҳилҳои пурхурӯши дарёҳо моҳидорӣ накунанд.

“Кумита аз шаҳрвандони бо эҳтиром хоҳиш мекунад одитарин қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз рафтан ба куҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғ ва дигар рустаниҳое, ки дар кӯҳу теппаҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ба бачаҳо бештар таваҷҷуҳ кунед ва онҳоро беназорат нагузоред”,-афзудааст манбаъ. 

Груда камней. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз лағзиши тарма ва сангрезиш: аз шикор ва сафарҳои безарурат худдорӣ кунед

Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар рустоҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ ҳаёт ба сар мебаранд, тавсия медиҳад, ки ҳамеша мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, то дар ҳоли зарурат тавонанд ба ҷойҳои лозим иртибот бигиранд, ҳамдигарро аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ хабардор созанд, дорухонаи манзили зистро бо доруҳои ниёзи аввал пур кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш, ҳар гуна садамаҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад равуои худро шабонгаҳон маҳдуд созанд. Ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва бахусус ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд. 

Ин ниҳод ҳамчунин ба шахсоне, ки гирифтори бемориҳои дил мебошанд тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва ҳамеша доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд. 

Лентаи хабарҳо
0