На ба ин сӯ, на ба он сӯ: сарҳадот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баста шуд

© Sputnik Пограничный пункт, архивное фото
Пограничный пункт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, равуои сокинон сар аз имрӯз тавассути ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қатъ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Субҳи имрӯз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон (Тcell) бо ироаи паёмаки телефонӣ ба шаҳрвандон аз басташавии сарҳадот миёни ин ду кишвар хабар дод.

Одной из улиц города Ташкента. - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон равуойи нақлиёти ҷамъиятиро бо Тошканд ва дигар минтақаҳо қатъ мекунад

Дар сарҳади миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16-гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки ҳоло равуойи сокинон аз ҳарду ҷониб қатъ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус буда, аз сӯи ҳукуматҳои ду ҳамсоякишвар гирифта шуда ва гуфта мешавад ин ҳол муваққатӣ аст.

“Бо ташабуси Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумхурии Тоҷикистон, ба таваҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ расонида мешавад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сирояткунандаи короновирус (COVID-2019) аз соати 06:00 дақиқаи субҳи 23.03.2020 муваққатан тамоми намуди рафтуомад тавассути сарҳадоти Тоҷикистон ва Узбекистон (ба ғайри воситаҳои нақлиёти боркаш) қатъ карда мешавад”, омадааст дар паёми ширкати Tcell.

Дар Ӯзбекистон барои напӯшидани ниқоб ҷарима ҷорӣ шуд

Ҳамчунин, сар аз фардо дар Ӯзбекистон ҳаракати кулли нақлиёти ҷамъиятӣ бо пойтахти ин кишвар ва вилоятҳо бинобар сабаби пешгирии паҳншавии коронавирус муваққатан қатъ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, нахустин ҳолати мубталои ин беморӣ дар Ӯзбекистон 15 март сабт шуд.   

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, то шоми 22 март дар Ӯзбекистон 43 ҳолати сироятёбӣ бо вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0