UFC барои муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон макони нав пайдо кард

© Twitter UFCТони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов
Тони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари UFC таъкид кард, ки муҳорибаи размикорон тибқи нақшаи пешбинишуда 18 апрел баргузор мешавад, аммо он чорабинии пӯшида хоҳад буд, ки мухлисон ширкат карда наметавонанд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки вай барои баргузории рақобати қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тонӣ Фергюсони амрикоӣ макони нав пайдо кардааст, хабар медиҳад MMA Junkie.

Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз сабқат бо Фергюсон: Ҳабиб тарки Амрико кард

Уайт гуфтааст, ҷой аллакай ёфт шудааст, аммо ӯ барои гуфтанаш омода нест. Бо вуҷуди ин, роҳбари UFC таъкид кард, ки мубориза тавре, ки ба нақша гирифта шуда буд, 18 апрел баргузор хоҳад шуд.

Ҳамзамон, вай гуфт, чорабинӣ пӯшида буда, ба он мухлисон даъват нашудаанд ва рақобат тариқи онлайн пахш мешавад, ки барои тамошои он бояд маблағ пардохт кард.

Пеш аз сабқат бо Фергюсон: Ҳабиб тарки Амрико кард

Президенти UFC гуфтааст, қаблан замони пахши чорабиниҳо баъзе мушкилот пеш меомад, аммо ҳоло мо инро меомӯзем ва кулли сокинони сайёра имкони тамошои муҳорибаро ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи гузашта бо далели паҳншавии коронавирус Амрикоро тарк карда, ба Русия баргашт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала