Барои табобат омадем: саргардонии 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҳиндустон

© AP / Rafiq MaqboolИндийские медсестры в масках
Индийские медсестры в масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳудуди 40 тоҷикистонӣ ба далели қатъ будани равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон сарсону саргардонанд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Фирдавс Садриддинов як сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамроҳ бо ҳамсар ва модари худ дар шаҳри Деҳлӣ қарор доранд ва барои табобати ин ду пайванди худ барои 16 рӯз озими Ҳиндустон шуд.

Палата в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мураххас мешаванд: ду маризи коронавирус дар Қазоқистон комилан шифо ёфтанд

Аммо акнун, ки равобити ҳавоӣ маҳкам аст, Фирдавс бо модару ҳамсари худ дар яке аз меҳмонхонаҳои Деҳлӣ қарор доранд.

Ӯ гуфт, ба мисли вай даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳиндустон қарор доранд ва имкони аз ин кишвар берун рафтанро надоранд. Ба изҳори Фирдавс аксари тоҷикистониҳои дармонда танҳо ба хотири табобат ба Ҳиндустон омадаанд ва кӯшишҳои онҳо барои бозгашт ба ватан бенатиҷа аст.

Баста шудани тамоми фурӯшгоҳҳо дар Тошканд дар пайи шуюи коронавирус

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Деҳлии Нав мегӯянд, ки бо ин афрод дар тамос ҳастанд ва барои бозгардондани онҳо ба Тоҷикистон аз тамоми тадобирҳо кор мегиранд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистоон низ эълон кардаанд, ки дар ҳоли баррасии барқарории парвози вижае барои бозгардондани ин афрод аз Ҳиндустон ҳастанд.

Президент РФ В. Путин посетил больницу в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Навори суҳбати Путин бо бемори коронавирус дар интернет пайдо шуд

Ҳамчунин, вазорати мазкур  аз ҳукумати  ин кишвар дархост намудааст, ки то муайян шудани санаи дақиқи парвози онҳо, раводиди ҳузурашонро тамдид кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бо қатъи парвозҳо миёни Душанбе ва Деҳлии Нав имкони бозгашти ин афрод вуҷуд надорад ва ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ низ аз фурӯши чипта ба онон худдорӣ мекунанд.

Ҳамагиршинос гуфт, кай фаъолнокии коронавирус паст мешавад

Зимнан, имрӯз сарвазири Ҳиндустон Норендра Модӣ аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват намуд, ки муддати 21 рӯз аз хонаҳои худ берун набароянд.

Дар Ҳиндустон феълан 562 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки аз ин миён 11 нафар ба ҳалокат расида, 40 маризи дигар шифо ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0