Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонСаидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Саидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик, ки бо китобу дарсҳояш дар бораи соҳибкорию пулкоркунӣ шинохта аст, ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тиҷоратҳои феълию ояндаашро дар ноҳияи Спитамен муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Давлатов муассиси ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон” ва молики гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен муаррифӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Спитамен боздид кардааст, ки ба иттилои котиботаш нахустин чунин таҷрибаи боғдорӣ дар кишвар мебошад - Sputnik Тоҷикистон
Супербоғи Саидмурод Давлатов: Раҳмон рафту ниҳол шинонд-аксҳо

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, гармхонаи замонавӣ дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен соли 2019 дар доираи дастуроти роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, Саидмурод Давлатов таъсис дода шуда, дар он асосан сабзавот парвариш карда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки дар гармхона дар марҳилаи аввал дар як гектар 26 ҳазор кӯчати помидор шинонида шуда, 60 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардида буд.

Акнун соли равон бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта ва тарҳрезии нақшаҳои нав бо интихоби тухмиҳои серҳосил дар назар аст, ки то 100 тонна ҳосил рӯёнида шавад.

Президент кори Саидмурод Давлатовро намунаи ибрат хонд

Котибот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияи муосир дар гармхона таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ кард.

© NakibMurodovСаидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс - Sputnik Тоҷикистон
Саидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Саидмурод Давлатов инчунин дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳур нақшаҳои ояндаи маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро муаррифӣ кардаст.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Назорат аз иҷрои барномаҳо: идомаи сафари кории Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон

Ӯ изҳори ният кардаст, ки дар оянда масоҳати гармхонаро то 10 гектар расонад ва барои нигоҳдории маҳсулот сардхона бунёд менамояд.

“Дар ҳамин замина бунёди корхонаи хишт ба нақша гирифта шудааст, ки баробари роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ аз он барои таъмин кардани гармхонаҳо бо гармӣ истифода карда мешавад. Ҳамчунин сохта ба истифода додани коргоҳи бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст”, - хабар додаст котиботи раисиҷумҳур аз нақшаҳои Саидмурод Давлатов.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала